- чеҳра
- [چهره]рӯй, рухсор, лиқо, ораз, симо: чеҳраи гандумгун, чеҳраи зебо, чеҳраи сафед, чеҳраи сиёҳчатоб, чеҳраи хандон; чеҳраи гарм рӯи писандида, рӯи зебо ва дилкаш; бо чеҳраи кушод(а) бо рӯи хандон, хушҳолона; чеҳраи касе кушода шудан табъи касе хуш гардидан, хушҳол гардидан; чеҳраи касе равшан гардидан хушҳол шудан, шод гаштани касе; чеҳраи касе гирифтан андӯҳгин шудан; чеҳра кушодан (намудан) рӯй нишон додан, намоён гаштан
Толковый словарь таджикского языка (в 2 томах). — Душанбе, НИИ языка и литературы им. Рудаки. Под редакцией Сайфиддина Назарзода. 2008.